Ба гузориши ИКНА ба нақл аз «Ал-Арабӣ Ал-Ҷадид», шайх Ҳусейн Қосим, раиси Шӯрои Уламои Фаластин бо нашри ин баёния, бо таъкид бар ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: ҳамаи мо дар баробари ҳамлаҳои режими ҷинояткори саҳюнист, дар канори Эрони исломӣ, ҷавонмардӣ, шараф ва иззат қарор дорем. Эрон, ба иҷозаи Худованди Мутаъол, бар душмани хунхор ва ҷинояткори саҳюнист, ки қатлкунандаи занону кӯдакон ва душмани ҳақиқат, дин, инсоният, дониш ва ахлоқ аст, пирӯз хоҳад шуд.
Шайх Муҳаммад Солеҳ ал-Мавъид, сухангӯи расмии Шӯрои Уламои Фаластин низ бо таъкид бар ин ки ҳамаи мо дар канори Эроне ҳастем, ки аз шараф, иззат, дин, каромат, сарнавишт, ваҳдат ва фарҳанги наслҳои ояндаи уммати Исломӣ дифоъ мекунад, хомӯшии Арабҳоро дар баробари такаббур ва худбузургони режими саҳюнистӣ маҳкум кард.
Вай хитоб ба Арабҳо гуфт: нанг бар мусалмонҳое, ки дар тӯли ду соли ҷиноят ва ҷанги нажодкушӣ дар Ғазза хомӯш монданд.
Шайх Мавъид бо ҳушдор аз ин ки ин як ҷанги ҳастӣ барои Эрон, Ғазза ва тамоми минтақа аст, бар аҳаммияти ин марҳила таъкид кард ва гуфт: ҳама бояд бидонанд, ки ин як ҷанги хасмона ва сарнавиштсоз аст, зеро ҳама бе истисно ҳадаф қарор гирифтаанд ва сарнавишти минтақа ва наслҳои ояндаи моро барои солҳои пеши рӯ муайян мекунад.
Ӯ аз ҳамаи мусалмонон даъват кард, ки муттаҳид шуда, аз Эрон ҳимоят кунанд ва дар канори он қарор гиранд, зеро ҳоло Эрон аз сарнавишти тамоми минтақа дифоъ мекунад.
Шайх Мавъид аз номи Шӯрои Уламои Фаластин таъкид кард, ки ҳақ пирӯз хоҳад шуд ва Эрон дар ҷанг бо душмани саҳюнистӣ намояндаи ҳақ, дин, Ислом ва дифоъ аз шарафу иззати тамоми уммати Исломист ва ботил — ки дар шайтони бузург, душмани саҳюнистӣ, Амрико, ғарби золим ва арабҳои тарсу таҷассум ёфтааст ва аз иззат ва каромати худ даст кашида, Ғаззаро раҳо карданд, то забҳ шавад — ба иҷозати Худо шикаст хоҳад хӯрд.
342/
Your Comment